МАҶАЛЛА
ПАЁМИ ПАЖӮҲИШГОҲИ РУШДИ МАОРИФ
Маҷаллаи илмию таҳлилии Пажӯҳишгохи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон моҳи июни соли 2012 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудааст. Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф мақолаҳои олимон, устодони донишкадаву донишгоҳҳо, ходимони илмии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва унвонҷӯёни ватаниву хориҷиро ба табъ мерасонад. Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф аз бахшҳои «Педагогика ва психология», «Методика» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» иборат аст.
Маҷаллаи бо забонҳои тоҷикӣ, (бо хатти кириллӣ), русӣ, ва ангилисӣ мақолаҳои илмие чоп мекунад, ки фарогири масъалаҳои педагогӣ буда, ба ҳалли мушкилоти соҳа мусоидат мекунанд.
Маҷалла навиштаҳои олимони соҳаи педагогика, омӯзгорону методистон, унвонҷӯён ва муаллимони мактабҳои олии касбӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷиёнеро, ки дар Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, ба табъ мерасонад.
Маҷаллаи «Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф» бо фарогирии мавзӯъ ва масъалаҳои мубрами илмию методии соҳаи педагогика, психология, химия, математика, забон ва адабиёти тоҷик ва пешниҳоди намунаҳо аз нашрияҳои соҳавии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, бо мақсади тарғиби дастовардҳои илмию методӣ, рушди соҳа, мушкилот ва робитаҳои илмӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорону устодони муассисаҳои илмии тобеъи вазорат ва зерсохторҳои Академияи тањсилоти Тоҷикистон соле як маротиба ду шумора дар як муҷалла ба табъ мерасад. Ҳамчунин ба пешвози ҷашну санадҳои муҳимми давлатӣ ва соҳавӣ ва дигар масъалаҳои ҷолиб мақолаҳо чоп мекунад.
Вазифаҳои маҷалла иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва маориф, тадбирҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба раванди ислоҳоти маориф, рушди соҳаи мазкур ва ворид шудан ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мебошад.
Ҳадафи маҷаллаи «Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф» илова ба нашри мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, илмию педагогӣ, таълимию иттилоотӣ ва дастраси ниёзмандон кардан боз:
- шиносонидани омӯзгорону муҳаққиқон аз дастовардҳои навини соҳа;
- баррасии масоили маориф ва илм дар робита бо рушди фаъолиятҳои инноватсионӣ;
- иҷрои стратегияи рушди маориф вобаста ба илм ва технология, баррасии раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ, ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, дастгирии рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ;
- таҳқиқу таҳлил ва тафсири авзои таълиму тарбия тавъам бо зинаҳои таҳсилоти муассисаҳои таълимӣ;
- тарғибу ташвиқи таҷриба ва дастовардҳои омӯзгорони навҷӯю навовар ва ихтироъкор дар соҳаи илм, таълим ва дастовардҳои инноватсионӣ, дастраси аҳли илму адаб намудани онҳо;
- тарғиб, дастгирӣ ва татбиқи дастовардҳои илмӣ ва илмию амалии арзишманд;
- таблиғи ёфтаҳои нодири олимони ҷаҳон мебошад.