Тоҷикӣ    Русский    English

МАЪЛУМОТ БАРОИ МУАЛЛИФОН ТАЛАБОТ НИСБАТ БА МАҚОЛАҲОИ ИЛМИЕ, КИ БАРОИ ЧОП БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ «ПАЁМИ ПАЖӮҲИШГОҲИ РУШДИ МАОРИФ» ПЕШНИҲОД МЕГАРДАНД

Ҳамаи мақолаҳои илмие, ки барои чоп ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд: а) мақолаи илмӣ бояд бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи маҷалла омода гардида бошад; б) мақола бояд натиҷаи таҳқиқоти илмӣ бошад; в) мавзӯи мақола бояд ба яке аз самтҳои илмии маҷалла мувофиқат намояд. Ҳамаи маводи илмие, ки ба маҷалла пешниҳод мегарданд, бо ёрии системаи Antiplagiat барои муайян намудани дараҷаи аслияти матн санҷида мешаванд. Мақолаҳое, ки дар матни онҳо маводи дигар муаллифон бе иқтибосоварӣ истифода шудаанд, ба баррасии марҳилаҳои навбатӣ пешниҳод намегарданд ва ин гунна мақолаҳо ба чоп роҳ дода намешаванд. Талабот нисбат ба таҳияи мақолаҳои илмӣ: Матни мақола бояд дар формати Microsoft Word омода гардида, бо ҳуруфи Times New Roman барои матнҳои русию англисӣ ва бо ҳуруфи Times New Roman Tj барои матни тоҷикӣ таҳия гардида, дар матн ҳаҷми ҳарфҳо 14, ҳошияҳо 2,5 см ва фосилаи байни сатрҳо бояд 1,5 мм бошад. Ҳаҷми мақола бо формати А4 бо назардошти рӯйхати адабиёти истифодашуда ва аннотатсияҳо аз 10 то 12 саҳифаро бояд дар бар гирад. Сохтори мақола бояд бо тартиби зерин таҳия гардад: – индекси УДК (индекси мазкурро аз дилхоҳ китобхонаи илмӣ дастрас намудан мумкин аст); – номи мақола;
Идомаи матн..