ТАРТИБИ ТАҚРИЗДИҲӢ

ТАҚРИЗ

ба мақолаи «Функсияҳои назорат дар таълими забони хориҷии донишҷӯёни ихтисосҳои техникӣ»-и номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии ДТТ Салимов Комрон Каримович

  •  Номи пурраи мақола, вазифаи муаллифи мақола, ному насаби муаллиф: «Функсияҳои назорат дар таълими забони хориҷии донишҷӯёни ихтисосҳои техникӣ», муаллиф номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии ДТТ Салимов Комрон Каримович.
  • Тавсифи мухтасари масоиле, ки дар мақола ироа шудаст: Дар мақолаи К.К.Салимов масоили муайянсозии функсияҳои асосӣ ва муҳимияти риояи онҳо ҳангоми ташкили назорати дониш, маҳорат ва малакаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии техникӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
  •  Дараҷаи муҳимияти мақолаи пешниҳодшуда: Аҳамияти мақолаи мазкур шубҳанок намебошад, зеро санҷиш ва баҳодиҳии дониш, маҳорат ва малакаҳои азхудкунии забонҳои хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии техникии ҷумҳурӣ қисмати муҳим ва зарурии раванди таълим маҳсуб ёфта, донистани методикаи арзёбии дониш яке аз вазифаҳои асосӣ ва мушкиле аст, ки дар назди омӯзгорон меистад.
  •  Ҷанбаҳои нисбатан муҳиме, ки муаллиф дар мақолааш инъикос кардааст: Муаллиф кори бисёр ҷиддиеро оид ба муайянсозии функсияҳои равобити мутақобила ва назоратро ҳангоми омӯзиши забони хориҷӣ аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии техникӣ анҷом додааст. Аз ҳама муҳим он аст, ки муаллиф роҷеъ ба зарурати тағӣири мақоми омӯзгор дар раванди таълим ибрози ақида менамояд, зеро имрӯз омӯзгор дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ сарчашмаи асосии иттилоот маҳсуб намеёбад ва, аз ин лиҳоз, ӯ бояд раванди омӯзишро на идора, балки роҳнамоӣ кунад.
  • Тавсия ба нашр: Мақолаи илмии К.К.Салимов «Функсияҳои назорат дар таълими забони хориҷии донишҷӯёни ихтисосҳои техникӣ» ба тамоми талаботи нашрияи илмӣ ва самтҳои илми педагогика ва психология мувофиқ буда,  барои нашр дар маҷаллаи «Паёми Пажӯҳишгоҳи рушди маориф» тавсия дода мешавад.
  • Унвони илмӣ, дараҷаи илмӣ, вазифа, ҷойи кор, ному насаби муқарриз, муҳр ва имзо